1010. ҶАНГИ БЕЖАН БО МОҲУЙ ВА КУШТА ШУДАНИ МОҲУЙ
Чу Бежан сипаҳро ҳама рост кард,
Ба эрониён-бар камин хост кард.
Бидонист Моҳуй, аз он қалбгоҳ
Хурӯшон бирафт аз миёни сипоҳ.
Нигаҳ кард Бежан, дурафшаш бидид,
Бидонист, к-ӯ ҷаст хоҳад гузид.
Ба Барсом фармуд, к-аз қалбгоҳ
Ба як сӯ гузор, он чи дорӣ сипоҳ.
Набояд, ки Моҳуи Сурӣ зи ҷанг
Битарсад, ба Ҷайҳун кашад бедиранг.
Ба чизе бар ӯ чашм з-ӯ бармадор,
Ки бо ӯ дигаргуна созем кор.
Чу Барсоми чинӣ дирафшаш бидид,
Сипаҳро саросар зи як сӯ кашид.
Ҳаме тохт то пеши шаҳри Фараб,
Пурожанг рух, пур зи дашном лаб.
Мар ӯро ба реги Фараб дарбиёфт,
Рикобаш гарон карду андаршитофт.
Чу наздик бо ӯ баробар бибуд,
Назад ханҷар ӯро, далерӣ намуд.
Камарбанд бигрифту ӯро зи зин
Бароварду осон бизад бар замин.
Фуруд омаду дасти ӯро бубаст,
Ба пеш андарафканду худ барнишаст.
Ҳамон гаҳ расиданд ёрони ӯй,
Ҳама дашт аз ӯ шуд пур аз гуфтугӯй.
Ба Барсом гуфтанд, к-«инро мабар,
Бибояд задан гарданаш бо табар».
Чунин дод посух, ки «ин роҳ нест,
К-аз ин ёфтан Бежан огоҳ нест».
Ҳамон гаҳ ба Бежан расид огаҳӣ,
Ки омад ба даст он бадоин раҳӣ.
Чу бишнид Бежан, ба дил шод гашт,
Бихандид, з-андеша озод гашт.
Широъе заданд аз бари реги нарм,
Ҳаме рафт Моҳуй чун боди гарм.
Гунаҳкор чун рӯи Бежан бидид,
Хирад шуд зи мағзи сараш нопадид.