Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ТАЪРИХИ АНҶОМИ «ШОҲНОМА»

Чу бугзашт сол аз барам шасту панҷ, Фузун кардам андешаи дарду ранҷ. Ба таърихи шоҳон ниёз омадам, Ба пеш ахтари дерсоз омадам. Бузургону бодониш озодагон Набиштанд яксар ҳама роягон. Нишаста назора ман аз дурашон, Ту гуфтӣ, будам пеш муздурашон. Ҷуз аҳсант аз эшон набуд баҳраам, Бикафт андар аҳсанташон заҳраам. Сари бадраҳои куҳан баста шуд В-аз он банд равшан дилам хаста шуд. Аз он номвар номдорони шаҳр, Алӣ Дайламӣ Будулафрост баҳр, Ки ҳамвора корам ба хубӣ равон Ҳамедошт он марди равшанравон. Ҳусайни Қутайба-ст з-озодагон, Ки аз ман нахоҳад сухан роягон. Аз ӯям хуру пӯшишу симу зар, Аз ӯ ёфтам ҷунбиши пову пар. Наям огаҳ аз аслу фаръи хироҷ, Ҳаме ғалтам андар миёни давоҷ. Чу сол андаромад ба ҳафтоду як, Ҳаме зери шеър андар омад фалак. Сиву панҷ сол аз сарои сипанҷ Басе ранҷ бурдам ба уммеди ганҷ. Чу барбод доданд ранҷи маро, Набуд ҳосиле сиву панҷи маро. Кунун умр наздики ҳаштод шуд, Умедам ба якбора барбод шуд. Сар омад кунун қиссаи Яздгирд, Ба моҳи сифандормуз рӯзи ирд. Зи ҳиҷрат шуда панҷ ҳаштод бор Ки гуфтам ман ин номаи шаҳрёр. Ҳаме гоҳи Маҳмуд обод бод, Сараш сабз бодо, дилаш шод бод! Чунонаш сутудам, ки андар чаҳон Сухан монад аз ошкору ниҳон.