Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

997. ТОХТАНИ САЪДИ ВАҚҚОС БА ЭРОН ВА ФИРИСТОДАНИ ЯЗДГИРД РУСТАМРО БА ҶАНГИ Ӯ

Умар Саъди Ваққосро бо сипоҳ Фиристод, то ҷанг ҷӯяд зи шоҳ. Чу огоҳ шуд з-он сухан Яздгирд, Зи ҳар сӯ сипоҳ андаровард гирд. Бифармуд, то пури Ҳурмузд роҳ Бипаймояду баркашад бо сипоҳ, Ки Рустам будаш ному бедор буд, Хирадманду гурду ҷаҳондор буд. Ситорашумар буду бисёрҳуш, Ба гуфтори мӯбад ниҳода ду гӯш. Бирафту гаронмоягонро бибурд, Ҳар он кас, ки буданд бедору гурд. Бар ин гуна то моҳ бигзашт сӣ, Ҳаме разм ҷустанд дар Қодисӣ. Бидонист Рустам шумори сипеҳр, Ситорашумар буду бододу меҳр. Ҳаме гуфт, к-ин размро рӯй нест, Раҳи оби шоҳон бад-ин ҷӯй нест! Биёвард суллобу ахтар гирифт, Зи рӯзи бало даст бар сар гирифт. Яке нома сӯи бародар бадард Набишту суханҳо ҳама ёд кард. Ба ҳар кор бингар ба суду зиён». Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «ман бандаам, Ба пеши ту эдар парастандаам. Бибуррам сари душмани шоҳро, Ба банд оварам ҷони бадҳоҳро». Заминро бибӯсиду омад бадар, Ҳама шаб ҳаме буд пурандеша сар. Чу хуршеди тобанда бинмуд рӯй, Биёмад дамон Рустами кинаҷӯй. Нахуст офарин кард бар кирдгор, К-аз ӯ дид неку бади рӯзгор. Дигар гуфт, к-«аз гардиши осмон Пажӯҳанда мардум шавад бадгумон. Гунаҳкортар дар замона манам, Азеро гирифтори Оҳарманам, Ки ин хона аз подшоҳӣ таҳист,