996. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ЯЗДГИРД ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН
Чу бугзашт ӯ, шоҳ шуд Яздгирд,
Ба моҳи сипандормуз рӯзи ирд.
Чӣ гуфт он сухангӯй марди далер,
Ки аз гардиши рӯз баргашт сер,
Ки боре назодӣ маро модарам,
Нагаштӣ сипеҳри баланд аз барам.
На рӯзи бузургӣ, на рӯзи ниёз
Бимонад ҳаме бар касе-бар дароз.
Замона замонест, чун бингарӣ,
Бад-ин моя бо ӯ макун доварӣ.
Биёрой хону бипаймой ҷом,
Зи тимори гетӣ мабар ҳеҷ ном.
Агар чархи гардон кашад зини ту,
Саранҷом хишт аст болини ту.
Дилатро ба тимор чандин мабанд,
Бас эмин машав аз сипеҳри баланд.
Чу бо шеру бо пил бозӣ кунад,
Чунон дон, ки аз бениёзӣ кунад.
Ту беҷон шавӣ, ӯ бимонад дароз,
Ҳадисе дароз аст, чандин маноз.
Ту аз Офаридун фузунтар наӣ,
Чу Парвиз бо тахту афсар наӣ.
Ба жарфӣ нигаҳ кун, ки бо Яздгирд
Чӣ кард он барафрохта ҳафт гирд.
Чу бар хусравӣ гоҳ биншаст шод,
Кулоҳи бузургӣ ба сар барниҳод.
Чунин гуфт, к-«аз даври чархи равон,
Манам пок фарзанди Нӯширавон.
Падар бар падар подшоҳӣ марост,
Хуру хӯшаву бурҷи моҳӣ марост.
Начӯям баландиву фарзонагӣ,
Ҳамон разму тундиву мардонагӣ.
Ки бар кас намонад ҳаме рӯзи бахт,
На ганҷу на дайҳими шоҳӣ, на тахт.
Ҳаме номи ҷовид бояд, на ком,
Бияндоз кому барафроз ном.
Зи ном аст то ҷовидон зинда мард,
Ки мурда бувад колбад зери гард».