Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

995. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ФАРрУХЗОД ВА КУШТА ШУДАНАШ БА ДАСТИ БАНДА

Зи Ҷаҳрам Фарухзодро хонданд, Бад-он тахти шоҳиш биншонданд. Чу бар тахт биншаст, кард офарин Ба некӣ ҷаҳиш бар ҷаҳонофарин. «Манам, - гуфт, - фарзанди шоҳаншаҳон, Нахоҳам ба ҷуз эминӣ дар ҷаҳон. Зи гетӣ ҳар он кас, ки ҷӯяд газанд, Чу ман шоҳ бошам, нагардад баланд. Ҳар он кас, ки ҷӯяд ба дил ростӣ, Наёрад ба кор-андарун костӣ. Бидорам-ш чун ҷони пок арҷманд, Наҷӯем бар бегазандон газанд». Сипаҳ хонд яксар бар ӯ офарин, Ки бе ту мабодо замону замин! Чу як моҳ бугзашт бар тахти ӯ, Ба хок андаромад сару бахти ӯ. Яке банда будаш чу сарви саҳӣ, Або хубиву зебу бо фарраҳӣ. Сияҳчашм буд номи он беҳунар, Ки чун ӯ маёрод гардун дигар. Яке парстораш ба дил дӯст гашт, Ки ногоҳ рӯзе бар ӯ баргузашт. Сӯи он парастор пайғом кард, Ки «бо ман гар оӣ ба як ҷой гирд, Биёбӣ зи ман бекарон хоста, Ба гавҳар кунам тоҷат ороста». Парастор бишниду посух надод, Ба назди Фарухзод ин кард ёд. Чу бишнид ин шоҳ, пуртоб шуд, Аз андӯҳ бехӯрду бехоб шуд. Сияҳчашмро банд бар пой кард, Ба зиндон-дарун мардро ҷой кард. Чу бугзашт чанде бар он беҳунар, Ки баста будаш он шаҳи додгар. Аз ӯ шоҳ бардошт банди гарон, Чу бисёр гаштанд хоҳишгарон. Дигарбора зӣ хидмати шоҳ шуд, Аз ӯ шоҳро умр кӯтоҳ шуд.