Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

994. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ОЗАРМДУХТ ВА МУРДАНАШ

Яке дигаре духтар Озарм ном, Зи тоҷи бузургӣ расида ба ком. Биёмад, ба тахти каён барнишаст, Гирифт ин ҷаҳони ҷаҳонро ба даст. Нахустин чунин гуфт, к-«эй бихрадон, Ҷаҳондидаву коркарда радон! Ҳама кор бар доду оин кунем, К-аз ин пас ҳама хишт болин кунем. Ҳар он кас, ки бошад маро дӯстдор, Чунонам ман ӯро чу парвардгор. Касе, к-ӯ зи паймони ман бугзарад, Бупечад зи оину роҳи хирад Бурида сарашро, барорам ба дор, Зи деҳқону тозиву румишумор. Ҳаме буд бар тахт-бар чор моҳ, Ба панҷум шикаст андаромад ба гоҳ. Шуд ӯ низу он тахт бешоҳ монд, Ба коми дили марди бадхоҳ монд. Ҳама кори гардандачарх ин бувад, Зи парвардаи хеш пуркин бувад.