993. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ПӮРОНДУХТ ВА КУШТАНИ Ӯ ПИРӮЗИ ХУСРАВРО ВА СИПАРӢ ШУДАНИ РӮЗГОРАШ
Яке духтаре буд Пӯрон ба ном,
Чу зан шоҳ шуд, корҳо гашт хом.
Бар он тахти шоҳиш биншонданд,
Бузургон бар ӯ гавҳар афшонданд.
Чунин гуфт пас духти Пӯрон, ки «ман
Нахоҳам парокандани анҷуман.
Касеро, ки дарвеш бошад, зи ганҷ
Тавонгар кунам, то намонад ба ранҷ.
Мабодо зи гетӣ касе мустаманд,
Ки аз дарди ӯ бар ман ояд газанд.
Зи кишвар кунам дур бадхоҳро,
Бар оини шоҳон кунам гоҳро.
Нишоне зи Пирӯзи Хусрав биҷуст,
Биёвард ногоҳ марде дуруст.
Хабар чун ба наздики Пӯрон расид,
Зи лашкар яке номвар баргузид.
Бибурданд Пирӯзро пеши ӯй,
Бад-ӯ гуфт, к-«эй бадтани кинаҷӯй!
Зи коре, ки кардӣ, биёбӣ ҷазо,
Чунон чун бувад дархури носазо.
Мукофот ёбӣ зи карда кунун,
Биронам зи андоми ту ҷӯи хун.
Аз охур ҳамон гаҳ яке курра хост,
Ба зин-андарун нуз нобуда рост.
Бубасташ бар он асп-бар ҳамчу санг,
Фиканда ба гардан-дараш полаҳанг.
Чунон курраи тези нодидазин
Ба майдон кашид он худованди кин.
Саворон ба майдон фиристод чанд,
Ба фитрок-бар гирд карда каманд,
Ки то курра ӯро ҳаме тохтӣ,
Замон то замонаш барандохтӣ.
Задӣ хештан ҳар замон бар замин,
Бар он курра-бар буд чанд офарин.
Чунин то бар ӯ-бар бидаррид чарм,
Ҳаме рафт хун аз танаш нарм-нарм.
Саранҷом ҷонаш ба хорӣ бидод,
Чаро ҷӯӣ аз кори бедод дод?!