992. КУШТА ШУДАНИ ФАРОИН БА ДАСТИ ШАҲРОН ГУРОЗ
Биёрост як рӯз пас шаҳрёр,
Шуд аз шаҳр берун зи баҳри шикор.
Або ӯ аз эрониён лашкаре,
Ҳар он кас, ки кеҳ буд, агар меҳтаре.
Фароин барангехт аз ҷой асп,
Ҳаме тохт ҳар сӯ чу Озаргушасп.
Саворон шуда гирд бо шаҳрёр,
Ба нахчир тозон зи баҳри шикор.
Бад-он гаҳ, ки зӣ шаҳр гаштанд боз,
Нигаҳ кард бебок Шаҳрон Гуроз.
Бад-он шоҳи шуму зи таркаш нахуст
Яке тири пӯлодпайкон биҷуст.
Барангехт аз ҷой аспи сиёҳ,
Ҳаме дошт лашкар мар ӯро нигоҳ.
Камонро биёвард ҳаме даркашид,
Гаҳе бар бару гоҳ бар сар кашид.
Ба бозигарӣ тир бо зеҳ бубаст,
Чу шуд ғарқа пайкон-ш, букшод шаст.
Бизад тир ногоҳ бар пушти ӯ,
Бияфтод тозона аз мушти ӯ.
Ҳама тир то парр дар хун гузашт,
Сари тир аз ноф берун гузашт.
Сипаҳ теғҳо баркашиданд пок,
Баромад шаби тира аз дашт хок.
Ҳама шаб ҳаме ханҷар андохтанд,
Яке аз дигар бознашнохтанд.
Ҳаме ин аз он бистадӣ, он аз ин,
Яке кард нафрин, яке офарин.
Чу пайдо шуд он дебаи зардранг,
Аз ӯ кӯҳ шуд ҳамчу пушти паланг.
Зи лашкар басе куштаву кӯфта,
Савору сипаҳбад ҳам ошуфта.
Пароканда шуд он сипоҳи бузург,
Чу мешон, ки ёбанд ногоҳ гург.
Фаровон бимонданд бе шаҳрёр,
Наёмад касе тоҷро хостор.
Биҷустанд фарзанди шоҳон басе,
Надиданд аз он номдорон касе.