Ҳушанг
Ҷаҳондор Ҳушанги борою дод
Ба ҷои ниё тоҷ бар сар ниҳод.
Бигашт аз бараш чарх соле чиҳил,
Пур аз ҳуш мағзу пур аз дод дил.
Чу биншаст бар ҷойгоҳи меҳӣ,
Чунин гуфт бар тахти шоҳаншаҳӣ,
Ки «Бар ҳафт кишвар манам подшо,
Ба ҳар ҷой пирӯзу фармонраво.
Ба фармони Яздони пирӯзгар
Ба доду диҳиш танг баста камар».
Ва-з он пас ҷаҳон яксар обод кард,
Ҳама рӯи гетӣ пур аз дод кард.
Нахустин яке гавҳар омад ба чанг,
Ба дониш зи оҳан ҷудо кард санг.
Сари моя кард оҳани обгун,
К-аз он санги хоро кашидаш бурун.
Чу бишнохт, оҳангарӣ пеша кард,
Куҷо з-ӯ табар, арраву теша кард.
Чу ин карда шуд, чораи об сохт,
Зи дарё бароварду ҳомун навохт.
Ба ҷӯю ба рӯд обро роҳ кард,
Ба фарри каӣ ранҷ кӯтоҳ кард.
Чу огоҳмардум бар он барфузуд,
Парокандани тухму кишту дуруд.
Басечид пас ҳар касе нони хеш,
Биварзиду бишнохт сомони хеш,
Аз ин пеш, к-ин корҳо шуд басеч,
Набуд хӯрданиҳо ҷуз аз мева ҳеч.
Ҳама кори мардум набудӣ бабарг,
Ки пӯшиданишон ҳама буд барг.
Ниёро ҳаме буд оину кеш,
Парастидани эзадӣ буд пеш.
Бад-он гаҳ будӣ оташи хубранг,
Чу мар тозиёнрост меҳроб санг.
Ба санг - андар оташ аз ӯ шуд падид,
К-аз ӯ равшанӣ дар ҷаҳон густарид.