Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Бунёд ниҳодани ҷашни сада

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ. Падид омад аз дур чизе дароз, Сияҳрангу тиратану тезтоз. Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун, Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун. Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг, Гирифташ яке сангу шуд пешчанг. Ба зӯри каёнӣ биёзид даст, Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст. Баромад ба санги гарон санги хурд, Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд. Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг, Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг. Нашуд мор кушта, валекин зи роз Падид омад оташ аз он санг боз. Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ, Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ. Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин Ниёиш ҳаме карду хонд офарин. Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод, Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод. Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ, Парастид бояд, агар бихрадӣ». Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ, Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ. Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард, Сада номи он ҷашни фархунда кард. Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор, Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр, К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард, Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард. Бад-он эзадӣ фарру ҷоҳи каён Зи нахчиру гӯру гавазни жаён Ҷудо кард гову хару гӯспанд, Ба варз оварид, он чи буд судманд. Ҷаҳондор Ҳушанги боҳуш гуфт: Бидоред шонро ҷудо ҷуфт-ҷуфт.