Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Таҳмурас

Писар буд мар ӯро яке ҳушманд, Гаронмоя Таҳмураси девбанд. Биёмад, ба тахти падар барнишаст, Ба шоҳӣ камар бар миён - бар бубаст. Ҳама мӯбадонро зи лашкар бихонд, Ба чарбӣ чӣ моя суханҳо биронд. Чунин гуфт, к-«Имрӯз ин тахту гоҳ Маро зебаду тоҷу гурзу кулоҳ. Ҷаҳон аз бадиҳо бишӯям ба рой, Пас он гаҳ кунам дар кеҳӣ* гирд пой. Зи ҳар ҷой кӯтаҳ кунам дасти дев, Ки ман буд хоҳам ҷаҳонро хидев. Ҳар он чиз, к-андар ҷаҳон судманд, Кунам ошкоро, кушоям зи банд». Пас аз пушти мешу бара пашму мӯй Буриду ба риштан ниҳоданд рӯй. Ба кӯшиш аз он кард пӯшиш ба ҷой, Ба густарданӣ ҳам буд ӯ раҳнамой. Зи пӯяндагон ҳар кӣ буд тезрав, Хуриш кардашон сабзаву коҳу ҷав. Раманда дадонро ҳама бингарид, Сияҳгӯшу юз аз миён баргузид. Ба чора биёвардаш аз дашту кӯҳ, Ба банд омаданд, он ки буд з-он гурӯҳ. Зи мурғон ҳамон он ки буд нексоз, Чу бозу чу шоҳини гарданфароз, Биёварду омӯхтаншон гирифт, Ҷаҳоне бад-ӯ монд андар шигифт. Бифармудашон, то навозанд гарм, Нахонандашон ҷуз ба овози нарм, Чу ин карда шуд, мокиёну хурӯс Куҷо бархурӯшад гаҳи захми кӯс, Биёварду яксар чунон чун сазид, Нуҳуфта ҳама судмандӣ гузид. Чунин гуфт, к-«Инро ниёиш кунед, Ҷаҳонофаринро ситоиш кунед. Ки ӯ додамон бар дадон дастгоҳ, Ситоиш мар ӯро, ки бинмуд роҳ».