Ҷамшед
Гаронмоя Ҷамшед фарзанди ӯй,
Камар баставу дил пур аз панди ӯй.
Баромад бар он тахти фаррух падар,
Ба расми каён бар сараш тоҷи зар.
Камар баст бо фарри шоҳаншаҳӣ,
Ҷаҳон сар ба сар гашт ӯро раҳӣ.
Замона баросуда аз доварӣ,
Ба фармони ӯ деву мурғу парӣ.
Ҷаҳонро фузуда бад-ӯ обрӯй,
Фурӯзон шуда тахти шоҳӣ бад-ӯй.
Манам гуфт бо фарраи эзадӣ,
Ҳамам шаҳрёриву ҳам мӯбадӣ.
Бадонро зи бад даст кӯтаҳ кунам,
Равонро сӯи равшанӣ раҳ кунам.
Нахуст олати ҷангро даст бурд,
Дари ном ҷустан ба гурдон супурд.
Ба фарри каӣ нарм кард оҳано,
Чу хӯду зиреҳ карду чун ҷавшано.
Чу хафтону чун диръу баргустувон,
Ҳама кард пайдо ба равшан равон.
Бад-ин андар он сол панҷоҳ ранҷ
Бибурду аз ин чанд бинҳод ганҷ.
Дигар панҷаҳ андешаи ҷома кард,
Ки пӯшанд ҳангоми базму набард.
Зи каттону абрешиму мӯю қаз
Қасаб кард пурмоя дебову хаз.
Биёмухташон риштану тофтан,
Ба тор - андарун пудро бофтан.
Чу шуд бофта, шустану дӯхтан
Гирифтанд аз ӯ яксар омӯхтан.
Чу ин карда шуд, сози дигар ниҳод,
Замона бад-ӯ шоду ӯ низ шод.
Зи ҳар пешавар анҷуман гирд кард,
Бад-ин андарун низ панҷоҳ х(в)ард.
Гурӯҳе ки котузиён хонияш,
Ба расми парастандагон донияш.
Ҷудо кардашон аз миёни гурӯҳ,
Парастандаро ҷойгаҳ кард кӯҳ.