Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: фалсафӣ

Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Айби ёрону дӯстон ҳунар аст

👁 19

Айби ёрону дӯстон ҳунар аст, Сухани душманон на муътабар аст. Муҳри меҳр аз даруни мо наравад, Эй бародар, ки нақш бар ҳаҷар аст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дидори ту ҳалли мушкилот аст

👁 15

Дидори ту ҳалли мушкилот аст, Сабр аз ту хилофи мумкинот аст. Дебочаи сурати бадеъат Унвони камоли ҳусни зот аст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Он моҳи дуҳафта дар ниқоб аст, ё ҳуре даст дар хизоб аст

👁 15

Он моҳи дуҳафта дар ниқоб аст, ё ҳуре даст дар хизоб аст, В-он вусма бар абрувони дилбанд, ё қавси қузаҳ бар офтоб аст. Селоб зи сар гузашт, ёро, з-андоза бадар

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат

👁 17

Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат, Магар маро, ки ҳамон ишқи аввал асту зиёдат. Гарам ҷавоз набошад ба пешгоҳи қабулат, Куҷо равам, ки намирам бар остони

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чӣ фитна буд, ки ҳусни ту дар ҷаҳон андохт

👁 33

Чӣ фитна буд, ки ҳусни ту дар ҷаҳон андохт, Ки як дам аз ту назар барнаметавон андохт?! Балои ғамзаи номеҳрбони хунхорат Чӣ хун, ки дар дили ёрони меҳрбон андох

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Нишоти умр бошад то ба 30 сол

👁 95

Нишоти умр бошад то ба 30 сол. Ба 40 ои фурун резад пару бол. Ба 50 гар равви ёби ту сустӣ. Ба 60 оина ёбӣ тандурустӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ

👁 108

Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ, Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ. Сармояи ту дар ин ҷаҳон як кафан аст, Он ҳам ба гумон, ки барӣ ё набарӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт

👁 31

Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт, Чашм надорад халос, ҳар кӣ дар ин дом рафт. Ёди ту мерафту мо ошиқу бедил будем, Парда барандохтӣ, кор ба итмом рафт.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист

👁 126

Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист, Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист. Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз, Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ