Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ,
Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ, Фармон барам, ар суду зиён фармоӣ. Бишинам, агар бар сари оташ, гӯӣ, Бархезам, агар аз сари ҷон, фармоӣ.
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ коҳе. Гар ошиқи содиқӣ, зи ҳар ду бигузар, То дӯст туро ба худ намояд роҳе.
Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ,
Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ, В-ар дар сифати хеш шавӣ, баста шавӣ. Медон, ки вуҷуди ту ҳиҷоби раҳи туст, Бо худ манишин, ки ҳар замон хаста шавӣ.
Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве,
Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве, Ҷоне чӣ бувад, ки корвоне ба ҷаве. Аз васли ту як ҷав ба ҷаҳоне арзад, З-ин ҷинс, ки моем, ҷаҳоне ба ҷаве.
Майдони фароху марди майдоне не,
Майдони фароху марди майдоне не, Мардони ҷаҳон чунонки медонӣ, не. Дар зоҳирашон ба авлиё мемонанд, Дар ботинашон бӯи мусулмонӣ не.
Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ,
Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ, Олудаи ҳар нокасу касро чӣ кунӣ? Он ёр талаб кун, ки туро бошаду бас, Маъшуқаи сад ҳазор касро чӣ кунӣ?
Ҳастӣ, ки аён нест равон дар шоне,
Ҳастӣ, ки аён нест равон дар шоне, Дар шони дигар ҷилва кунад ҳар оне. Ин нукта ба ҷуз «Кул явмин фӣ шаънин» Гар боядат аз каломи Ҳақ бурҳоне.
То битавонӣ, бикаш ба ҷон бори диле,
То битавонӣ, бикаш ба ҷон бори диле, Мекӯш, ки то шавӣ зи дил ёри диле. Озори диле маҷӯ, ки ногоҳ кунӣ Кори ду ҷаҳон дар сари озори диле.
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай? В-эй нестшаванда лофи ҳастӣ то кай? Гар ғарқаи баҳри ҳасрату оз наӣ, Тардоманию ҳавопарастӣ то кай?
Вассофии худ ба рағми ҳосид то кай?
Вассофии худ ба рағми ҳосид то кай? Тарвиҷи чунин матоъи косид то кай? Ту маъдумӣ, хаёли ҳастӣ аз ту, Фосид бошад, хаёли фосид то кай?
Ҷон чист?- Ғаму дарду балоро ҳарфе,
Ҷон чист?- Ғаму дарду балоро ҳарфе, Дил чист?- Даруни сина сӯзею тафе. Алқисса, паи шикасти мо баста сафе, Марг аз тарафею зиндагӣ аз тарафе.
Эй дил, бари дӯст тӯҳфа ҷуз ҷон набарӣ,
Эй дил, бари дӯст тӯҳфа ҷуз ҷон набарӣ, Дардат чу диҳанд, номи дармон набарӣ. Бе дард зи дасти дӯст нолон гаштӣ, Хомӯш, ки арзи дардмандон набарӣ.
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ Донӣ, ки чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
Эй чарх, басе лайлу наҳор овардӣ,
Эй чарх, басе лайлу наҳор овардӣ, Гаҳ фасли хазону гаҳ баҳор овардӣ. Мардони ҷаҳонро ҳама бурдӣ ба замин, Номардонро ба рӯи кор овардӣ.
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ,
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ, Ё бо ғами ман сабр ба ҳам боистӣ. Ё мояи ғам чу умр кам боистӣ, Ё умр ба андозаи ғам боистӣ.
Ё пасту баланди даҳрро саркӯбӣ,
Ё пасту баланди даҳрро саркӯбӣ, Ё хору хаси замонаро ҷорӯбӣ. То чанд тавон вазъи мукаррар дидан? Аслӣ, насабӣ, қиёматӣ, ошӯбӣ.
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае,
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае, Девонаи бо хирад баҷангомадае. Дӯшина ба кӯи дӯст аз рашкам сӯхт Нолидани поидилбасангомадае.
Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама,
Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама, Мӯсокушу фиръавнпарастанд ҳама. Ҳар аҳд, ки бо Худой бастанд ҳама, Аз дӯстии ҳирс шикастанд ҳама.
То кай зи ҷаҳони пургазанд андеша,
То кай зи ҷаҳони пургазанд андеша, То чанд зи ҷони мустаманд андеша? Он, к-аз ту тавон ситад, ҳамин колбад аст, Як мазбала гӯ мабош, чанд андеша.
Афсӯс, ки умр рафт бар беҳуда,
Афсӯс, ки умр рафт бар беҳуда, Ҳам луқма ҳарому ҳам нафас олуда. Фармудаи нокарда пушаймонам кард, Афсӯс зи кардаҳои нофармуда.
Баҳрест, на коҳанда, на афзоянда,
Баҳрест, на коҳанда, на афзоянда, Амвоҷ бар ӯ равандаву оянда. Олам чу иборат аз ҳамин амвоҷ аст, Набвад ду замон, балки ду он поянда.
Зоҳид хушдил, ки тарки дунё карда,
Зоҳид хушдил, ки тарки дунё карда, Майхора хиҷил, ки маъсиятҳо карда. Тарсам, ки кунад умеди бим охири кор Нокарда чу карда, карда чун нокарда.
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ,
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ, Тоат ки ба шаб кунӣ ниҳон, аз ҳама беҳ. Хоҳӣ зи пули сирот осон гузарӣ, Нон деҳ ба ҷаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.
Маъмураи дил ба илм ороста беҳ,
Маъмураи дил ба илм ороста беҳ, Маъмураи тан зи кина пироста беҳ. Аз ҳастии худ ҳарчӣ тавон, коста беҳ, Ҳар чиз, ки ғайри туст, нохоста беҳ.
Эй зоҳиду обид аз ту дар нолаву оҳ,
Эй зоҳиду обид аз ту дар нолаву оҳ, Наздики туву дури туро ҳол табоҳ. Кас нест, ки аз дасти ғамат ҷон бибарад, Онро ба тағофул кушӣ, инро ба нигоҳ.