Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Мусулмонон! Зи дур ояд садое
Мусулмонон! Зи дур ояд садое, Садои ҷонгудозе, ғамфизое. Надонам, куҷо шабхун зада гypг, Вале донам, ки нолад ошное.
Ин кинаварон боз бо найранги дигар
Ин кинаварон боз бо найранги дигар, Доранд фари фитна бо оҳанги дигар. Фарёд, ки ин шуъбадабозон ҳар рӯз, Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар.
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ, Чун боди баҳор ҷонфазо меоӣ. Дил хонаи ишқи туст, ободаш дор, Чун хона хароб шуд, куҷо меоӣ?
Ятиме, дардманде, бенавое
Ятиме, дардманде, бенавое, Баровард аз дили саҳро садое: «Манеҳ зинҳор аз каф шамъи умед, Агар хоҳӣ расӣ рӯзе ба ҷойе».