Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: фалсафӣ

Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Зиндагонӣ, чи кӯтаҳу чи дароз

👁 20

Зиндагонӣ, чи кӯтаҳу чи дароз, На ба охир бимурд бояд боз?! Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Вақти шабгир бонги нолаи зер

👁 23

Вақти шабгир бонги нолаи зер, Дӯсто, он хурӯши барбати ту Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир! Зории зеру ин мадор шигифту,

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 96

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд

👁 40

Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд, Чунонки буд, ба ночор хештан бахшуд. Худойро бисигудам, ки Кирдигори ман аст, Забонам аз ғазалу мадҳи бандагонаш насуд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ

👁 19

То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ Дар ҳастию нестӣ лаъиманд? Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ, Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд

👁 24

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд, Маргро сар ҳама фурӯ карданд. Зери хок андарун шуданд онон, Ки ҳама кӯшкҳо бароварданд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дер зиёд он бузургвор худованд

👁 27

Дер зиёд он бузургвор худованд, Ҷони гиромӣ ба ҷонаш андар пайванд! Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к Модари озодагон кам орад фарзанд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд

👁 21

Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд, Бар ӯ ҳаводисро ҳеҷ гуна даст мабод! Дурусту рост кунад ин масал Худой варо: Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикшод.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод

👁 40

Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод, Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод! З-омада шодмона бояд буд, В-аз гузашта накард бояд ёд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст

👁 16

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст, Он шиносад, ки дил-ш бедор аст. Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст, Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр

👁 21

Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр, Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро… Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон, Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Баҳор

👁 56

Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб, Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб. Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Модари май

👁 58

Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад

👁 102

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад, Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ, Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ, Киштие соз то бадон гузарӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 370

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дониш чароғи роҳ

👁 29

Дониш чароғи роҳи дилу дидаи башар, Бедонишӣ зулолаи умрро кунад хатар. Бо илму ҳикмат аст баландии одамӣ, Беилм кас намерасад ба авҷи муътабар.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор

👁 101

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд. Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ