Баҳор
Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб.
Наффот барқи равшану тундар-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор,
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр диҳад рӯй гоҳ-гоҳ
Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб…
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман, бодро табиб.
Борони мушкбӯй биборид нав ба нав
В-аз барф баркашид яке хуллаи қашиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барк аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арус ба ҳанно шуда хазиб.
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб
Сулсул ба сарвбун бар бо нағмаи куҳан,
Булбул ба шохи гул бар бо лаҳнаки ғариб.
Акнун хӯред бодаву акнун зиед шод,
К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.
Соқӣ гузину сабзаву май хӯр ба бонги зер,
К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалеб.
Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар, он меҳтари ҳасиб.