Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро

Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро, Чӣ дорӣ дуст ҳарза душманеро?! Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое, Чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро?! Аё савсанбуногуше, ки дорӣ, Ба рашки хештан хар савсанеро! Яке з-ин барзани нороҳ бар шав, Ки бар оташ нишонӣ барзанеро. Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе, Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро? Бибахшо, ай писар, бар ман бибахшо, Макӯш дар ишқ хира чун манеро! Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро, Агар бе ҷон равон хоҳӣ танеро.