Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро, Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро. Қасам бар он дили оҳан хурам, ки аз сахтӣ Ҳазор тарҳ ниҳода-ст санги хороро, Ки аз ту ҳеч мурувват тамаъ намедорам, Ки кас надида зи сангиндилон мудороро. Ҳазор бор Худоро шафеъ меорам, Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ «худоро»-ро?! Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ, Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро!