Вақти шабгир бонги нолаи зер
Вақти шабгир бонги нолаи зер,
Дӯсто, он хурӯши барбати ту
Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!
Зории зеру ин мадор шигифту,
Гар зи дашт-андар оварад наҳчир.
Тани ӯ тир не, замон ба замон
Ба дил-андар ҳамегузорад тир.
Гоҳ гирёну гаҳ бинолад зор,
Бомдодону рӯз то шабгир.
Он забоновару забонаш не,
Хабари ошиқон кунад тафсир.
Гоҳ девонаро кунад ҳушёр,
Гаҳ ба ҳушёр барниҳад занҷир.