Дер зиёд он бузургвор худованд
Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷонаш андар пайванд!
Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.
Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,
Роду сухандону шермарду хирадманд.
Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,
Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд.
Дасту забон зарру дур пароканд ӯро,
Ном ба гетӣ на аз газоф пароканд.
Дар дили мо шоҳи меҳрубонӣ биншост,
Дил на ба бозӣ зи меҳри хоста барканд.
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Авестост фазлу сирати ӯ Занд.
Гарчи бикушанд шоирони замона,
Мадҳ касеро касе нагуяд монанд.
Сирати ӯ тухми кишту неъмати ӯ — об,
Хотири маддоҳи ӯ — замини баруманд.
Сирати ӯ буд ваҳйнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш панднома бияканд.
Сирати он шоҳ пандномаи асл аст,
З-он ки ҳаме рӯзгор гирад аз ӯ панд.
Ҳар кӣ сар аз панди шаҳриёр бипечид,
Пойи тарабро ба доми гӯр дарафканд.
Кист ба гетӣ хамирмояи идбор?
Он ки ба иқболи ӯ набошад хурсанд.
Ҳар кӣ нахоҳад ҳаме кушоиши кораш,
Гӯ, бишаву дасти рӯзгор фурӯ банд!
Ай малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаме ноз,
Ай фалак, аз ҳоли душманон-ш ҳаме ханд!
Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам:
Дер зиёд он бузургвор худованд!