Ҷуз он ки мастии ишқ аст, эч мастӣ нест
Ҷуз он ки мастии ишқ аст, эч мастӣ нест,
Ҳамин балот бас аст, ай ба ҳар бало хурсанд!
Хаёли разми ту гар дар дили аду гузарад,
Зи бими теғи ту бадҷаш ҷудо шавад аз банд.
Зи адли туст ба ҳам бозу саъваро парвоз,
Зи ҳукми туст шабу рӯзро ба ҳам пайванд.
Ба хушдилӣ гузарон, баъд аз ин ки боди аҷал
Дарахти умри бадандешро зи по афканд.
Ҳамеша то ки бувад аз замона ному нишон,
Мудом то ки бувад гардиши сипеҳри баланд,
Ба базми айшу тараб бод некхоҳи ту шод,
Ҳасуди ҷоҳи ту бодо зи ғусса зору нажанд.