Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд, Маргро сар ҳама фурӯ карданд. Зери хок андарун шуданд онон, Ки ҳама кӯшкҳо бароварданд. Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз, На ба охир ба ҷуз кафан бурданд! Буд аз неъмат он чи пӯшиданд В-он чи доданду он чи хӯрданд.