Киро лабони ту бояд, шакар чӣ суд кунад?
Киро лабони ту бояд, шакар чӣ суд кунад?
Ба ҷойи меҳри ту меҳри дигар чӣ суд кунад?
Маро ту роҳати ҷонӣ, муояна, на хабар;
Киро муояна ояд, хабар чӣ суд кунад?
Сипар ба пеш кашидам хаданги қаҳри туро,
Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!