Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд
Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунонки буд, ба ночор хештан бахшуд.
Худойро бисигудам, ки Кирдигори ман аст,
Забонам аз ғазалу мадҳи бандагонаш насуд.
Кадом нахс баромад, ки-м аз ту ғоиб кард,
Кадом боди бало буд, к-аз туам бирбуд.
Яке хилъат пӯшид доғи фурқати ту,
Ки тори ӯст пушаймониву ғами дил пуд.
Ҳама ба танбӯлу банд аст бозгаштани ӯ,
Шаранги нӯшомез асту рӯйи зарандуд.
Бунафшаҳои тарӣ хел-хел сар баркард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.
Биёру хон бидеҳ он офтоб, к-аш бихӯрӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.