Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд! Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт, Чӣ нахс буд, ҳамоно ки нахси Кайвон буд! На нахси Кайвон буду на рӯзгори дароз, Чӣ буд? Ман-т бигӯям: қазои Яздон буд. Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирди гардон аст, Ҳамеша то бувад ойинаш, гирдгардон буд. Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад, Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд. Куҳан кунад ба замоне ҳамон, куҷо нав буд, Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд. Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд, Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд. Ҳаме чӣ донӣ, ай моҳрӯйи ғолиямӯй, Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?! Ба зулфи чавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ӯ, Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулф чавгон буд. Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд, Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд! Чунонки хубӣ, меҳмону дӯст буд азиз, Бишуд, ки бознаёмад, азиз меҳмон буд. Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад-ӯ дар чашм, Ба рӯйи ӯ-дар чашмаш ҳамеша ҳайрон буд. Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд, Нишоти ӯ ба фузун буду ғам ба нуқсон буд. Ҳамехариду ҳамесахт бешумор дирам, Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд. Басо канизаки неку, ки майл дошт бад-ӯ, Ба шаб зиёрати ӯ назди ҷумла пинҳон буд. Ба рӯз чунки наёрист шуд ба дидани ӯ, Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд. Набиди рӯшану овози хубу рӯйи латиф Куҷо гарон буд, зи ман ҳамеша арзон буд. Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад, Дилам нишоту тарабро фарох майдон буд.