Май орад шарафи мард ме падид
Май орад шарафи мард ме падид,
Озоданижод аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид!
Ҳар он гаҳ, ки хӯрӣ май, хуш он гаҳ аст,
Хоса чу гулу ёсаман дамид.
Басо ҳисни баландо, ки май кушод,
Басо курраи навзин, ки бишканид.
Басо дуни бахило, ки май бихӯрд,
Кариме ба ҷаҳон-дар пароканид.