Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод

Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод, Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод! З-омада шодмона бояд буд, В-аз гузашта накард бояд ёд. Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй, Ману он моҳрӯйи хурнижод. Некбахт он касе, ки доду бихӯрд, Шӯрбахт он, ки ӯ нахурду надод. Боду абр аст ин ҷаҳони фусус, Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод! Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз Ҳеҷ кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?! Дод дидаст аз ӯ ба ҳеҷ сабаб Ҳеҷ фарзона, то ту бинӣ дод?!