Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд
Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд,
Бар ӯ ҳаводисро ҳеҷ гуна даст мабод!
Дурусту рост кунад ин масал Худой варо:
Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикшод.
Худойи арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,
Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.
Худой чашми бад аз мулки ту бигардонад!