Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш, Ки бурд расму асар гардиши маҳу солаш. Кадом кох сарафрохт з-ин нишемани хок Ки дастбурди ҳаводис накард помолаш.
Нигори ман, ки бошад хона аз кӯи вафо дураш
Нигори ман, ки бошад хона аз кӯи вафо дураш, Набинам хонае дар шаҳр дур аз фитнаву шӯраш. Ҷамолаш боғи пурмеваст, ғӯриваш ғаразнокон Худоё, дар паноҳи хеш дор а
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд, Дорам ҳамин мурод, к-аз он хоки дар ниҳанд. Пайкони ту сурх шавад з-онташи дилам, Хуш он ки баҳри доғ маро бар ҷигар н
Дӣ гузаштем бар он дилбару гуфтем дуо
Дӣ гузаштем бар он дилбару гуфтем дуо: Қола: Ман антум? Қулно: Фуқароу ғурабо. Фуқароему аҷаб ки нахоҳем зи ту Ҳеҷ ҳоҷат, ки туӣ дар ду ҷаҳон ҳоҷат мо.
Он кони ҳусн буду набуд аз ҷаҳон нишон
Он кони ҳусн буду набуд аз ҷаҳон нишон, Ва-л-она ан арафта ало мо алайҳи кон. Аъдоди кавну касрати сурат намоиш аст, Ва-л-куллу воҳидин ятаҷаллӣ би кули шон.
Дар сурати обу гил аён ғайри ту кист
Дар сурати обу гил аён ғайри ту кист? Дар хилвату ҷону дил ниҳон ғайри ту кист? Гуфтӣ, ки зи ғайри ман бипардоз дилат, Эй ҷони ҷаҳон, дар ду ҷаҳон ғайри ту кист
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
