Он кони ҳусн буду набуд аз ҷаҳон нишон
Он кони ҳусн буду набуд аз ҷаҳон нишон,
Ва-л-она ан арафта ало мо алайҳи кон.
Аъдоди кавну касрати сурат намоиш аст,
Ва-л-куллу воҳидин ятаҷаллӣ би кули шон.
Нурест маҳз карда ба авсофи худ зуҳур,
Номи танаввуоти зуҳураш бувад ҷаҳон.
Ҳарчанд дар ниҳону аён нест ғайри ӯ,
Фӣ ҳадди зотиҳи на ниҳон асту не аён.
Фоиз бувад вуҷуд бар аъёни инсу ҷин,
Сорӣ бувад зи лутф дар атрофи ҷисму ҷон.
Доно ба ҳар басирату бино ба ҳар басар,
Гӯё ба ҳар забону, тавоно ба ҳар тавон.
Ҷомӣ кашида дор забонро ки сирри ишқ
Рамзест кас магӯю ҳаддест касс мадон.