Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Шабҳо, ки доғи фурқати он моҳ мекашам

Шабҳо, ки доғи фурқати он моҳ мекашам, То рӯз нола мекунаму оҳ мекашам. З-он маҳ намекунам гила, к-ин меҳнату бало Аз бахти тираву дили гумроҳ мекашам. Шабҳои хешро, ки зи зулфаш сиёҳ шуд, Аз рӯяш интизори саҳаргоҳ мекашам. То тоҷ шуд ба фарқи сарам гарди доманаш, Доман зи тахти манзалати шоҳ мекашам. Ҷон мебарам ба тӯҳфа гадоёни дӯстро, Нақди ҳақир дар назари шоҳ мекашам. Аз ошиқӣ насиби ман ин шуд, ки рӯзу шаб Ҷаври рақибу таънаи бадхоҳ мекашам. Ҷомӣ, чу коҳ шуд танам аз заъфу ман ҳанӯз Кӯҳи ғамаш ба қуввати ин коҳ мекашам.