Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нигори ман, ки бошад хона аз кӯи вафо дураш

Нигори ман, ки бошад хона аз кӯи вафо дураш, Набинам хонае дар шаҳр дур аз фитнаву шӯраш. Ҷамолаш боғи пурмеваст, ғӯриваш ғаразнокон Худоё, дар паноҳи хеш дор аз ғорати ғӯраш. Гадое далки худ дода ба май набвад ба ҷуз шоҳӣ, Ки карда дасти таҷрид аз либоси салтанат ураш. Шаҳе, к-аз ҳашматаш дар чашм будӣ Ҷам кам аз мӯре, Кунун дар хок бинӣ чашмхона, хонаи мӯраш. Ҳар он мискини муфлис, к-ӯ зи зар набвад қавибозу Ба симин соиди ӯ даст бурдан, кай расад зӯраш. Магӯ бе ман беҳ аз марг аст бурдан зинда ошиқро, Ки баъд аз мурдан ин афсона натвон гуфт дар гӯраш. Дар ин шаҳри дудар Ҷомӣ манеҳ сури тараб, к-афтад, Зи сангандоз мотам ҳар замон сад рахна дар сураш.