Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чун нуҳуфтӣ он ду рух бикшо лаби хандони хеш

Чун нуҳуфтӣ он ду рух бикшо лаби хандони хеш, Ҷилва деҳ бар бедилон як ғунча аз бӯстони хеш. Кас рутаб бе хаста кам дидаст, лаб аз ман мадузд, То ки созам он рутабро хаста аз дандони хеш. Мурдам, аз пироҳанат дидан чӣ ҳоҷат захми теғ, Чун ба қасди қатли ман боло занӣ домони хеш. Ҳар рагамро шуд ба пайкони ту пайванде ҷудо, Кун тараҳҳум в-аз тани зорам макаш пайкони хеш. Манн зи ту маҳруму афғони ман ояд сӯи ту, Кош битвонам, ки оям ҳамраҳи афғони хеш. То набинад чашм дар наззораат ҳар булҳавас Аз сиёсат зери хунам бар сари майдони хеш. Баҳри ҷадвал зар диҳад хуршеди гардун лоҷвард Чун кунад Ҷомӣ савод аз баҳри ту девони хеш.