Ошён месозад аз хас булбули бесабру ҳуш
Ошён месозад аз хас булбули бесабру ҳуш,
Мекунад з-ағёр ҳоли херо хошокпӯш.
Вақти гул бошад ғанимат, ҷуз ба ишрат магзарон,
Дам ба дам дар гӯши ҳушам гӯям ин маънӣ суруш.
Рӯи ҳиммат кай кунад дар маснади тамкин шоҳ,
Чун ниҳад бар хуми май пушти фароғат майфурӯш.
Заъфи пириро даво кардаш талаб гуфт он ҳаким,
Навҷавонӣ ҷӯйю бар рӯяш шароби лаъл нӯш.
Дар чаман аз лаззати гуфту шуниди васфи ту
Ѓунчаҳо як сар даҳон гаштанду гулҳо ҷумла гӯ.
Доғ бар дил, рахна бар ҷон, сар ба саҳро додаӣ
Галла-галла безабононро бад-ин доғуу дурӯш.
Рух намудӣ, Ҷомӣ, аз васфи ту чун бандад забон,
Кори булбул нест вақти гул, ки бишнавад хамӯш.