Машав фирефтаи ҳусни сурат, эй дарвеш
Машав фирефтаи ҳусни сурат, эй дарвеш,
Ба рӯи шоҳиди маънӣ кушой дидаи хеш.
Макун ба дидаи хушқоматон ба боло рӯй
Мабод монӣ аз ин кору бор сар дар пеш.
Малоҳати сухани ишқи ошиқон донанд,
Наёфт чошнии ин намак ба ҷуз дили реш.
Тариқи ақл раҳо кун, ки ҳеҷ кас нанишаст,
Ба садри қурб ба тадбири ақли дурандеш.
Куҷост шаҳан, ки то шаҳрро бипардозад,
Зи сифлагони мусулмоннамои кофаркеш.
Шубон ба хок в-аз он бехабар, ки афтодаст,
Ҳазор гург фузун дар рама ба сурати меш.
Мадеҳ ба мадраса Ҷомӣ зи сирри васл нишон,
Ки бар фақеҳ намечаспад ин сухан ба сиреш.