Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

То ба чашмат шуда дар ноз баробар наргис

То ба чашмат шуда дар ноз баробар наргис, Нозанинои чамнрост назар бар наргис. Гар ба мастона ду чашмат кунам ӯро нисбат Кунад аз гиряи шодӣ мижаҳо тар наргис. Дар тамошои чаман чашми ту ҳар ҷо, ки фитад, Масти чашми ту барорад зи замин сар наргис. Азми ишрат ба сари сабзаву гул каш, ки шавам, Ҷоми базми ту яке лолаву дигар наргис. Чун ба болои ту монад ба ҳазорон сӯзан Дӯхт дида ба тамошои санавбар наргис. Дар чаман ҳар саҳар аз шавқи туам печида, Гоҳ дар сунбули серобу гаҳе дар наргис. Васфи хатти сияҳат хондаам аз ҳар сунбул Шеваи чашми хушат дидаам аз ҳар наргис. Ҷомӣ аҳсан-т, ки аз баҳри саводи ғазалат, Карда аз соқу варақ хомаву дафтар наргис.