Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Тирборон расад аз қавси кузаҳ, бар наргис

Тирборон расад аз қавси кузаҳ, бар наргис, Сар аз ин саҳм кашад дар сипари зар наргис. Ҷоми зар бин, ки зи аснои ту симангуштон, Чун намудаст чу хубони суманбар наргис. Ганҷи Қорун ба дар овард ҳамоно зи замин, Ки чунин аз зару сим аст тавонгар наргис. Обрӯи дигар овард чаманро, ки навишт, Бар мутаввал «алиф»-е «мум»-и мудаввар наргис. Ҳаст масте, ки зи гил сар саза дар ҳашри баҳо, Сархуш аз косаи сар сохта, соғар наргис. Турфа мурғест, ки дорад ба чаман чун товус, Аз зари ноб гуле таъбия дар пар наргис. Қадри насрину гул аз шохи баланд аст, вале Бар лаби ҷӯй бувад аз ҳама бартар наргис. Ба ҳаводории воло алами давлати шоҳ Чашм бинҳода ба болои санавбар наргис. Ҷомиосо ҳама тан чашм шуда то ки кунад, Илтимоси назар аз шоҳи диловар наргис.