Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Латофати лаби ӯ бину аз зулол мапурс

Латофати лаби ӯ бину аз зулол мапурс, Хаёли абрӯи ӯ банду аз ҳилол мапурс. Зи дасти дӯст шикоят ба дигарон хуш нест, Малол менигар, аз мӯҷиби малол мапурс. Бигӯӣ гуфт кассе ҳол чист, гуфт, бубин Фитода дар хами чавгон марову ҳол мапурс. Шавад зи пири муғон ҳалли мушкилоти тариқ, Рамузи ошиқӣ аз пири моҳу сол мапурс. Ба сирри ранҷу бало ҷуз расидагон нарасанд, Зи тифл ҳикмати озори гӯшмол мапурс. Битофт партави васлаш пас аз ҳазор алам, Кунун зи меҳнати андешаи завол мапурс. Зи сирри ишқ агар бӯй бурдаӣ, Ҷомӣ, Ҳадиси ҳаҷр магӯ, қиссаи висол мапурс!