Маннам имрӯз ҳолате, ки мапурс
Маннам имрӯз ҳолате, ки мапурс,
В-аз видоат маломате, ки мапурс.
Рафтиву бе ту ҷон нарафт аз тан
Дорам аз ту хиҷолате, ки мапурс.
Монда з-ин кори ишқи туст фақеҳ,
Дар ҳиҷоби ҷаҳолате, ки мапурс.
Мурғи тири ту карда нома ба пар,
Дар ҳалокам рисолате, ки мапурс.
Бас ҳидоят талаб, ки аз зулфат,
Руфта роҳи залолате, ки мапурс.
Баҳри оинагит сӯфии шаҳр,
Дода дилро сақолате, ки мапурс.
Шуд чу тӯтӣ зи шаккарат, Ҷомӣ,
Мурғи ширинмақолате, ки мапурс.