Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хандае зад лаби ту бар мани гирён, ки мапурс

Хандае зад лаби ту бар мани гирён, ки мапурс, Шокирам аз лаби хандони ту чандон, ки мапурс. Ёди он рӯз, ки сирри даҳанат пурсидам, Лаб гирифтӣ зи сари ноз ба дандон, ки мапурс. Рӯзе аз бими касон зери лабам пурсидӣ Ёфтам завқ аз он пурсиши пинҳон, ки мапурс. Сари хубониву сомони ҷаҳоношӯбон, Бе ту з-ин сон шудаам бесару сомон, ки мапурс. Бомдодон, ки ба гардан фиганӣ хилъати ноз, Фитнаҳо барзаданат сар зи гиребон, ки мапурс. Чӣ ғам аз зарбати чавгони маломат, ки бувад, Бо худам ҳоле аз он гӯӣ занахдон, ки мапурс. Бе ту Ҷомӣ чу тане монда зи ҷон аст ҷудо, Аз тани хеш, ки мегӯядат, эй ҷон, ки мапурс.