Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ояд ба барам чун нигоре наву ҳаргиз

Ояд ба барам чун нигоре наву ҳаргиз, Тозад ба сарам чун ту саворе наву ҳаргиз. Умре паи як бӯса агар рӯ ба ту орам, Ҳаргиз гузарад бар лабат, оре наву ҳаргиз. Корам чӣ бувад, ишқи туву бори ғами дил, Коре беҳ аз ин донаву боре наву ҳаргиз. Мӯест миёну сари мӯест даҳонат, Бӯсе бувад имону каноре наву ҳаргиз. Тори сари зулфи ту дароз аст, кассе дид, З-ин сон ба дарозӣ шаби торе наву ҳаргиз. Аз наргиси махмури ту дар айни хуморем, Лаъли ту кунад дафъи хуморе наву ҳаргиз. Гар хок шавад Ҷомии дилхаста, нишинад, З-ин бар дили поки ту ғуборе наву ҳаргиз.