Ман ба хун ғарқаву лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз
Ман ба хун ғарқаву лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз,
Захмкориву ман аз теғи ту шарманда ҳанӯз.
Чӣ аҷаб, гар бигузорам ҳама шаб бе ту чу шамъ
Аҷаб ин аст, ки рӯз ояду ман зинда ҳанӯз.
Бас гирифтор, ки дар роҳи вафоят шуда хок
Сарви ту соя бар он хок наяфканда ҳанӯз.
Накунад гарчи дигар бо ту санавбар даъвӣ
Хурад аз дасти сабо мушти пароканда ҳанӯз.
Солик аз жандаи садпора ба ҷое нарасад,
Риштаи меҳри ту нодӯхта дар жанда ҳанӯз.
Шоҳро хотами давлат надиҳад нақши мурод,
Дар нигин ҳарфи таманнои ту ноканда ҳанӯз.
Ҷомӣ озод шуд аз бандагии халқ, вале
Ҳамчунон ҳаст саги кӯи туро банда ҳанӯз.