Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Надорам дареғ аз ғамат ҳеҷ чиз

Надорам дареғ аз ғамат ҳеҷ чиз, Ки меҳмони нохонда бошад азиз. Агар бастият килки Шопур нақш Шудӣ Хусрават банда, Ширин каниз. Паи қимати чун ту симинбаре Бувад ганҷи зар камтар аз як пашиз. Бувад мазраи ҳимати ошиқон Бурун аз ҳисоби ҷарибу қафиз. Дило, хоҳӣ аз ошиқӣ бархӯрӣ, Бишӯй аз ҳама даст в-аз хеш низ. Ба сели фано деҳ ҳама рахту пахт Ба мавҷи балокаш ҳама чизу миз. Бибар, Ҷомӣ, аз чарбу ширини даҳр, Чу тифлон макун майли ҷавзу мавиз.