Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз
Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз,
Ришта гир аз шамъу аз шаб васлае бар рӯз дӯз.
Аз фурӯғи фузлаи шаҳдам чӣ ҳосил, фазл кун,
В-аз рухи шоҳид ҳарими маҷлисамро барфурӯз.
Дар ҷавонӣ буд саҷда пеши шоҳид одатам
Ёдгоре монда з-он дар пириям ин пушти кӯз.
Нест бар манн доғе аз маҳрумӣ аз доғат батар,
Ҷуз бад-ин доғам, ба ҳар доғе, ки мехоҳӣ бисӯз.
Медиҳад ёдам заволи умру ҳирмон аз мурод
Аз касоди яхфурӯши шаҳру гармои тамуз.
Бар бисоти қурб кай донам ниҳодан пой рост
Ман, ки пои ростро аз чап намедонам ҳанӯз.
Кам шав, эй муфтӣ, ба фатво монеи Ҷомӣ, зи ишқ
Нест бар девонагон ҳукми яҷузу лояҷуз.