Ба рухсору ҷабину рӯю ораз бурдӣ, эй дилбар
Ба рухсору ҷабину рӯю ораз бурдӣ, эй дилбар
Фурӯғ аз субҳу нур аз рӯзу акс аз моҳ, тоб аз х(в)ар.
Фурӯғу нуру аксу тоби рӯят карда ошиқро
Басар бино, хирад доно, равон равшан, замин анвар.
Сагу санги дару сакбону дарбони туро ҳар шаб,
Фитам дар по, ниҳам бар сар, барам фармон, шавам чокар.
Набошад дар ҳама Руму Райю Чину Чигил шӯхе,
Чу ту хунрезу шӯрангезу рангомезу ҷанговар.
Ба ораз гул, ба мӯ сунбул, ба сар насрин, ба тан симин,
Ба қад тӯбо, ба рух ҷаннат, ба хат тӯтӣ, ба лаб шаккар.
Қабо дебо, кулаҳ зебо, бадан нозук, камар чобук
Иборат хуш, сухан дилкаш, даҳон кӯчак, миён лоғар.
Ба зулфи турраи мушкину гуфтори лаби ширин
Сумансою қамарфарсою рӯҳафзою ҷонпарвар.
Манну хирману яъсу ранҷ, меҳнат чун бувад гирдат
Ҳисор аз сангу сур аз рӯю дар з-оҳан, калид аз зар.
Туӣ дар гулшану барзан, туӣ, дар хубиву ҳашмат
Гули ҳумро, бути раъно, маҳи анвар, шаҳи кишвар.
Зи завқи мастиву махмуриву чашму лабат доим
Кашам хирқа, диҳам субҳа, харам бода, занам соғар.
Ба фикру нутқу шеъру хутту боли худ шудӣ Ҷомӣ,
Тиҳӣ кун дил, фурӯ хур дам, шикан хома, фиган дафтар!