Гар кунӣсояам, эй сарви хиромон бар сар
Гар кунӣсояам, эй сарви хиромон бар сар,
Сар ба поят ниҳаму дидаи гирён бар сар.
Метавон нисбати болои ту бо сарви сиҳӣ
Гар бувад сарви сиҳиро маҳи тобон бар сар.
Аз гули рӯи ту танҳо чу кунам гашти баҳор,
Ниҳам аз нола ҳамон саҳми гулистон бар сар.
Шаҳи хубон туӣ, имрӯр в-агр адл кунад,
Тоҷи шоҳи ниҳадат Хусрави даврон бар сар.
Рахна шуд з-оҳи дилам, чархи қавидасти ку,
Ки фурӯ к-ӯ ба дам ин гумбади вайрон бар сар.
Мурдам аз хондани ёсин, ту хез, эй зоҳид
Ки маро бас бувад ин шӯхи ғазалхон бар сар.
Боз кун гӯши иноят сӯи Ҷомӣ, ки кунад,
Дафтари наср нисори туву девон бар сар.