Эй ба назора карда рӯ, мавкиби моҳи ман нигар
Эй ба назора карда рӯ, мавкиби моҳи ман нигар,
Хайли бутон сипоҳи ӯ, ҳашмати шоҳи ман нигар.
Пайсипарам ба роҳи ӯ, бовар агар намекунӣ,
Ҷаста зи наъли тавсанаш шӯълаи оҳи ман нигар.
Ҳаст кулоҳи бандагеш афсари сарбаландиям,
Чун маҳи нав сипеҳрсо тарки кулоҳи ман нигар.
Боғи тар асту тоза ӯ, хушк гиёҳи ӯ манам,
Рафта ба сарсари ғамаш хушкгиёҳи ман нигар.
Донаи ашк шуд равон бар рухи зардам аз мижа,
Ҳосили тухми меҳри ӯ донаву коҳи ман нигар.
Бод кушод бурқаъаш, зулф гирифт ҷои ӯ,
Монеъи давлат омада бахти сиёҳи ман нигар.
Пой бар остона зад кафаш ба сар чу Ҷомиям,
Бар сари тахти салтанат афсари ҷоҳи ман нигар.