Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр,
Ёри мо нодода бӯса мекунад аз мо канор.
Диданаш ид асту идӣ бӯса додан бар лабаш,
Эй худо, з-ин иду идӣ коми муштоқон барор.
Гар диҳад нашмурда аз лаб бӯсаи идӣ маро
Шукри он давлат наёрам гуфти то рӯзи шумор.
Мекунам ҳар рӯз иде з-он ду рух, аммо накард,
З-он лаби нӯшин маро ҳаргиз ба идӣ шармсор.
Мекунам аз ранги нав ҷома ба расми иди нав,
Баски хуни дил ҳамерезам зи чашми ашкбор!
Иди ушшоқ асту ҳар ҷо ронд аз наъли саманд,
Сад ҳилоли ид гардад дар раҳи ӯ ошкор.
Ҷомиё, гираш сари раҳ идӣ з-он, ки ид
Ѓайр аз ин кори гадоён нест дар ҳар раҳгузор.