Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш,
Ки бурд расму асар гардиши маҳу солаш.
Кадом кох сарафрохт з-ин нишемани хок
Ки дастбурди ҳаводис накард помолаш.
Аҷаб, зи нола ба тангам, ки ногузашта зи лаб
Яке ҳанӯз расад, дигрӣ зи дунболаш.
Дарой соқиву дарде мае, ки пеши хирад,
Лақаб ақиқи музоб асту лаъли сайёлаш.
Бувад, ки давлати мастиву бехудӣ диҳадам,
Халосӣ аз ғами идбори даҳру иқболаш.
Насиҷи ин ғазали хуш, ки кас набофтааст
Ба қадди ишқу вафо хилъате ба минволаш.
Ҳидояест ҳамоно, к-аз он ҷаҳон Маҷнун
Ба номи Ҷомии дилхаста карда ирсолаш.